Дар Ўзбекистон барои хариди чиптаҳо ба самолёт, поезд ва автобус платформаи онлайнии ягона ба роҳ монда мешавад

    Нақлиёт 23 Iyul 2024 1432

    Фармони Президент “Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар гардондани инфрасохтори сайёҳӣ ва минбаъд зиёд гардондани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (ФП № 102 аз 18 июли соли 2024) қабул шуд.

    Мувофиқи Фармон, то 1 декабри соли 2024 контенти фарҳангӣ, гастрономӣ ва ҳунарӣ барои намоиш дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳия карда мешавад.

    То 1 декабри соли 2024 онлайн-платформаи ягона ба роҳ монда мешавад, ки имкони гирифтани маълумот ва харидани билетҳоро ба хатсайрҳои самолёт, поезд ва автобусҳои кишварамон фароҳам меорад.

    Вазорати нақлиёт:

    системаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоҳо, поезд ва автобусҳоро бо нархҳои дифференсиалӣ на кам аз 6 моҳ пеш ҷорӣ мекунад;

    дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Наврӯз, Рӯзи истиқлолият, Соли нав, инчунин идҳои динии “Рамазон” ва “Қурбон” парвозҳои иловагии ҳавоӣ, хатсайрҳои роҳи оҳан ва автобусҳоро, ки қаламравҳои ҷумҳуриро бо ҳам мепайвандад, роҳандозӣ мекунад);

    дар бораи баргузории чорабиниҳо, аз он ҷумла ифтитоҳи парвозҳои нав, сарбории рейсҳо, инчунин хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва роҳи оҳани ба нақша гирифташуда дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates