Дар Ӯзбекистон платформаи онлайнии тайёрии шаҳрвандон ба имтиҳонҳо дар Русия ба фаъолият оғоз кард

    Рақамисозӣ 20 May 2025 3071

    Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон аз роҳандозии платформаи махсуси онлайн хабар дод, ки барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки қасди сафар ба Федератсияи Русияро барои кор доранд, дар гузаштани имтиҳонҳои зарурӣ кӯмак мерасонад.

    «Ҳадафи лоиҳа — фароҳам овардани шароити дастрас ва босифат барои омодагӣ ба имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории он барои тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад», — гуфта мешавад дар канали расмии телеграмии ин ниҳод.

    Платформаи test.xorijdaish.uz дастрасии ройгон ба маводҳои таълимӣ ва саволҳои тестиро барои ҳама хоҳишмандон пешниҳод мекунад.

    Хусусияти асосии захираи нав системаи баҳодиҳии дохилӣ мебошад. Он ба корбарон имкон медиҳад, ки на танҳо дониши худро санҷанд, балки пешрафти инфиродии онҳоро пайгирӣ, камбудиҳоро ошкор кунанд ва сатҳи омодагии худро тадриҷан баланд бардоранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates