Зимни мулоқот меҳмони олимақом аз Амороти Муттаҳидаи Араб қайд намуд, ки бори аввал ба Ӯзбекистон омадааст, аз симои таърихию муосири кишвар, инчунин ислоҳоти дар ин ҷо гузаронидашуда таассуроти зиёд пайдо кардааст. Вай ҳамчунин зикр кард, ки корҳо оид ба таблиғи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон нокифоя аст ва дар оянда ҳамкориҳои наздиктарро дар ин самт пешниҳод намуд.

Иштироки корпоратсия дар чорабиниҳо, ки дар доираи иҷлосияи ҷашнии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, лоиҳаҳои дар доираи он татбиқшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба меҳмони хориҷӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва ислоҳоти дар соҳаи сайёҳӣ ҷоришаванда маълумоти муфассал дода шуда, инчунин муаррифии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ пешниҳод гардид.

Дар хотимаи мулоқот Ҳусайн ал-Новаис дар бораи омодагӣ бобати кушодани меҳмонхонаҳои нав таҳти бренди Rotana Corporation  дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хева таъкид намуд.

Бо мақсади таъмини сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои бренди Rotana дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, дар баробари ҷалби кадрҳои баландихтисос аз хориҷи кишвар лоиҳаҳои омӯзиши ҷавонони Ӯзбекистон барои такмили ихтисос дар соҳаи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои бренди ROTANA дар саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Бо узви шӯрои директорони ширкати Rotana Hotel Management Corporation Ҳусейн ал-Новаис тавофуқ ҳосил шуд, ки ба зудӣ гурӯҳи махсуси кории ширкатро дар Ӯзбекистон мизбонӣ кунад ва дар лоиҳаҳои муштарак ба кор шурӯъ кунад.