Дар Ӯзбекистон як нафар ҷонибдори созмони байналмилалии террористӣ маҳкум карда шуд

    Бехатарӣ 4 Avgust 2025 1123

    Аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти як сокини шаҳри Қўқанд, ки майли иштирок дар созмони байналмилалии террористӣ нишон додааст, пешгирӣ карда шуд.

    Муқаррар карда шуд, ки соли 2021 ин шахс дар шабакаи Telegram як канал таъсис дода, маводи экстремистие нашр мекард, ки ақидаҳои ифротгароёнаро тарғиб мекарданд ва онҳоро миёни нӯҳ нафар обуначии худ паҳн менамуд. Ӯ инчунин тавассути шабакаи иҷтимоии Instagram бо як инструктор ва таблиғгари расонаии созмони байналмилалии террористии «Катибаи Таухид вал-Ҷиҳод», ки дар қаламрави Сурия фаъолият мекунад, тамос барқарор намуда, зери таъсири даъватҳои ӯ қарор гирифтааст.

    Минбаъд ӯ барои дарёфти тартиби анҷоми «ҷиҳод» дар Сурия мукотибае ба роҳ монда, хоҳиши пайвастан ба ин ташкилотро изҳор намудааст. Зиёда аз ин, ӯ бо ҷалби як қатор шиносон ва ҳамсинфони пешини худ як гурӯҳи ба ном «ҷамоа» ташкил карда, онҳоро ба «ҳиҷрат» – кӯчидан ба Сурия ва ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористӣ даъват намудааст.

    Бо шарофати чорабиниҳои фаврии мақомоти салоҳиятдор, ниятҳои ғайриқонунии ӯ сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шуданд.

    Тибқи натиҷаи мурофиаи судӣ, бо ҳукми Суди ноҳиявии Фурқат оид ба парвандаҳои ҷиноятии вилояти Фарғона, ӯ бар асоси банди «г»-и қисми 3-и моддаи 244¹ ва қисми 1-и моддаи 244² Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гунаҳгор дониста шуда, ба 6 соли маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates