Ӯзбекистон сахттар кардани ҷавобгариро барои дуздидани пул аз кортҳои пластикӣ ба нақша гирифтааст

    Бехатарӣ 12 Aprel 2022 1234

    Дар ҷаласаи навбатии фраксияи Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис вакилон лоиҳаҳои қонунеро, ки ба рӯзнома ворид карда шудаанд, бар асоси ҳадафу вазифаҳои ҳизб баррасӣ карданд. Аъзои фраксия лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд.

    Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир нақши Гвардияи миллӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меафзояд. Ҳамин тариқ, танҳо дар соли 2021 дар натиҷаи корҳои муштарак бо мақомоти корҳои дохилӣ 166 ҳазору 508 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд. Ҳамчунин, кормандони Гвардияи миллӣ 187 нафари дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуда, ба ихтиёри кормандони мақомоти корҳои дохилӣ супурданд.

    Аммо имрӯз онҳо салоҳияти пешбурди парвандаҳои маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои дар боло зикршударо надоранд. Дар натича ин боиси когазбозию хараҷу мараҷи зиёдатӣ мегардад.

    Дар лоиҳаи қонун ба мақомоти Гвардияи миллӣ додани ин ваколатхо пешбинӣ шудааст. Инчунин ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ҷиҳати васеъ намудани ваколатҳои онҳо оид ба ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ тағйирот ворид карда мешавад.

    Қабули лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани самаранокии таъмини амнияти ҷамъиятӣ, коҳиши сарбории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароит барои кори ҳамаҷониба бо аҳолӣ хидмат мекунад.

    Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ шуд.

    Дар натиҷаи инкишоф ва васеъ ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои қаллобӣ зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳолатҳои дуздии маблағ аз кортҳои пластикии шаҳрвандон ё суратҳисоби бонкӣ мушоҳида мешавад.

    Мувофики конунгузории амалкунанда нисбат ба гунаҳкорон ҷазои ҷиноятӣ ба қадри кифоя нест. Дар асоси ин лоиҳаи Қонун масъулияти ин гуна ҷиноятҳо пурзӯр карда мешавад.

    Бинобар ақидаи депутатҳо, қабули лоиҳаи қонун ба пешгирӣ ва мубориза бо дуздидани маблағи пулӣ аз ҳисобсурат ё корти пластикии шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистеъмоли боварӣ хидмат мекунад. Дар ҷамъомадҳои фраксия дигар лоиҳаҳои қонуне, ки ба рӯзнома ворид карда шудаанд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates