Дар Ӯзбекистон низоми гирифтани сертификати забони русӣ ба роҳ монда мешавад

    Ин ташаббус раванди гирифтани сертификатро, ки барои гирифтани иҷозати кор (патент) дар Русия зарур аст, осонтар карда, хароҷоти ҳамватанони моро коҳиш медиҳад.

    Намояндагони Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирони Ӯзбекистон бо роҳбарияти Донишгоҳи федералии Қазон мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот масъалаҳои ташкили низоми имтиҳонсупорӣ ва додани сертификатҳо оид ба забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ФР баррасӣ шуданд. Ин кор дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Қазон дар Ӯзбекистон амалӣ хоҳад гашт.

    Фаъолияти маркази мазкур дар Ӯзбекистон раванди гирифтани сертификати заруриро барои гирифтани иҷозати кор дар Русия хеле осон менамояд. Ин ташаббус хароҷоти ҳамватанони моро кам карда, аз душвориҳои иловагӣ ҷилавгирӣ мекунад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates