Дар Ӯзбекистон музди меҳнат, нафақа ва кумакпулӣ зиёд карда мешавад

    Молия 29 Mart 2023 5834

    Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнат, нафақа ва кумакпулӣ" қабул шуд

    Мувофқи Фармон:

    аз 1 апрели соли 2023 миқдори нафақа ва кумакпулиҳо 7 фоиз зиёд карда мешавад.

    аз 1 апрели соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

    андозаи асосии ҳисоби нафақа – моҳе 347 000 сӯм;

    миқдори ҳадди ақали нафақа бинобар синну сол – моҳе 677 000 сӯм;

    миқдори ҳадди ақали нафақа бинобар ногироӣ, аз он ҷумла нафақа бинобар ногироӣ ҳангоми собиқаи нопурраи корӣ – моҳе 747 000 сӯм;

    миқдори кумакпулӣ бинобар ногироӣ, ки ба шаҳрвандони ғайриқобили меҳнат дода мешаванд ва кумакпулӣ ба ногироҳо аз кӯдакӣ – моҳе 747 000 сӯм;

    миқдори ҳадди ақали нафақа, аз ҷумла кумакпулӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷанги солҳои 1941-1945 маълул шудаанд ва иштирокчиёни он, инчунин собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентрасионии фашистӣ ва шахсоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд – моҳе 3 296 000 сӯм;

    миқдори нафақа бинобар синну сол барои онҳое, ки ба миқдори ҳадди ақали муқарраршудаи нафақа бинобар синну сол аз (677 000 сӯм) то 747 000 сӯм мегиранд – моҳе 747 000 сӯм;

    миқдори кумакпулӣ ба шаҳрвандони куҳансол, ки собиқаи зарурии корӣ надоранд – моҳе 535 000 сӯм;

    миқдори кумакпулӣ ба намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки ногирои то 18-солаи ба нигоҳубини берунӣ эҳтиёҷдоштаро нигоҳубин мекунад – моҳе 535 000 сӯм;

    миқдори кумакпулӣ барои як аъзои ғайриқобили меҳнати оилае, ки ба муносибати аз даст додани саробон кумакпулӣ мегирад – моҳе 535 000 сӯм бо илова намудан 198 000 сӯмӣ ба ҳар як аъзои навбатии оилаи ғайриқобили меҳнат;

    миқдори ҳадди ақали нафақа барои як аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат, ки ба муносибати аз даст додани саробон нафақа мегирад – моҳе 535 000 сӯм бо додани нафақа ба ҳар як аъзои оилаи навбатии ғайриқобили меҳнат мувофиқи тартиби мавҷуда муқаррар карда мешаванд.

    Инчунин, аз 1 майи соли 2023 миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ 7 фоиз зиёд карда мешавад.

    аз 1 майи соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

    миқдори ҳадди ақали музди меҳнат – моҳе 980 000 сӯм;

    андозаи асосии ҳисоб – моҳе 330 000 сӯм муқаррар карда мешавад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates