Дар Ӯзбекистон гимни тими олимпии футбол муаррифӣ шуд

    Варзиш 3 Iyul 2024 1336

    Таҳти шиори «Мен Ӯзбекистонликман – қонимда ғалаба» мунтахаби оид ба футбол, ки бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон роҳхати олимпиро ба даст овардааст, дар Бозиҳои Париж- 2024 қувва меозмояд.

    Гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускор бо гимни мунтахаби кишвар видеоролик омода кардааст.

    «Ташаккур барои ташаббускорон барои чунин мундараҷаи босифат. Барои ба ҷавонон расондани ғояҳои ватандӯстӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, тарзи ҳаёти солим ва фаъол истифода бурдан аз усулу шаклҳои муосир, ки барои ҷавонон фаҳмо бошад, хеле муҳим аст. Ин навор мисоли равшани ин аст", – навиштааст котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов дар телеграм канали худ.

    Гимни расмии дастаро, ки рӯзи 2 июл нахустнамоиши он баргузор гардид, аз ҷониби ҳайати эҷодӣ аз рӯйи суруди Konsta «O'zbekistonlik» офаридааст. Дар навор футболбозон, аз ҷумла Аббос Файзуллоев ва Элдор Шомуродов, инчунин сармураббии тими миллӣ Тимур Кападзе акс ёфтаанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates