Дар доираи барнома як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва силсилаи мизҳои мудаввар таҳти унвони «Наврӯзи олам» баргузор мегардад, ки дар онҳо нависандагон, шоирон, ходимони фарҳанг ва намояндагони зиёиён иштирок мекунанд. Иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи мероси адабӣ ва фарҳангӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ менамоянд.

Ҷойгоҳи махсусро дар барнома Рӯзҳои кинои тоҷик ишғол мекунанд. Ба тамошобинон филмҳои бадеӣ, ки рушди муосири кинематографияи Тоҷикистонро инъикос мекунанд, аз ҷумла «Моҳӣ дар қалмоқ», «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат», «Зиндагӣ зебост» ва «Ҷӯра Саргор» пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамчунин, гала-консертҳо таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барномаҳои консертии гурӯҳҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва намоиши саҳнаҳои театрӣ баргузор хоҳанд шуд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва кино ба таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқҳо, рушди табодули фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ мусоидат мекунад.