Дар Ӯзбекистон ба қайди парвоз бо истифода аз шаҳодатномаи нави ронандагӣ иҷозат дода мешавад

    Нақлиёт 1 Fevral 2024 1832

    Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз шаҳодатномаи нави ронандагӣ дар парвозҳои дохилӣ сабти ном шаванд ва он дар ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият эътироф карда мешавад.

    “Мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон № 389 аз 19 июни соли 2017 «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам баланд бардоштани сифат ва соддагардонии расмиёти хизматрасонии давлатӣ дар системаи мақомоти корҳои дохилӣ» шаҳодатномаи намунаи нави миллии ронандагӣ мақоми ҳуҷҷати расмии давлатиро дорад, ки соҳиби шахсиятро тасдиқ мекунад”, — гуфта мешавад дар изҳороти Uzbekistan Airports.

    Фаъолияти амалиётии аэропортҳо, ки таҳди идораи Uzbekistan Airports қарор доранд, бо ҳуҷҷатҳое, ки тағйироту иловаҳои марбут ба фаъолияти сектори нақлиёти ҷумҳуриро фаро мегиранд ва барои иҷро ба вазорату идораҳои болӣ фиристода мешаванд, ба танзим оварда мешавад.

    Дар ҳоли ҳозир мувофиқаи байниидоравӣ оид ба рӯйхати ниҳоии ҳуҷҷатҳо (шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи таваллуд, гувоҳномаи ҳарбӣ ва ғ.), ки дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият эътироф карда шуда, ба мусофирон ҳуқуқи ба қайд гирифтан дар парвозҳои дохилӣ бо истифода аз онҳо дода мешавад, ба анҷом мерасад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates