Дар Ӯзбекистон аз 1 марти соли 2025 нафақаи пиронсолӣ бе аризаи шаҳрвандон таъин карда мешавад

    Хидмат оид ба таъминоти нафақа, ки ба шаҳрвандон расонда мешавад, тадриҷан ба формати интерактивӣ ва проактивӣ тавассути ба низом ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ гузаронида мешаванд.

    Аз 1 январи соли 2024 ба аҳолӣ имкон дода мешавад, ки бевосита ба Маркази хидматҳои давлатӣ ё ки ба воситаи муроҷиати онлайнӣ ба воситаи Портали ягонаи хидмати давлатии интерактивӣ “ПЯХДИ” муроҷиат намоянд.

    Аз 1 марти соли 2025 ба шаҳрвандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, нафақа ба таври худкор, яъне бидуни талаби ягон ҳуҷҷат ва бидуни муроҷиати шаҳрвандон таъин карда мешавад.

    Ҳама маълумот дар бораи маълумоти шахсии шаҳрванд аз базаҳои электронии вазорату идораҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар натиҷаи фароҳам овардани ин гуна қулайӣ аз шаҳрвандон тақозо намешавад, ки ба шуъбаҳои маҳаллии Фонди ғайрибуҷавии нафақа барои ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои таъин кардани нафақа муроҷиат накунанд.

    Илова бар ин, маълумот дар бораи таъини автоматии нафақа, миқдори он ё рад кардани таъини нафақа ба рақами телефони шаҳрванди ба синни нафақа расида дар шакли СМС фиристода мешавад.

    Инчунин ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши бидуни баромадан ба нафақа давом додани корро доранд ва ё ба андозаи нафақа розӣ нестанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки нафақа ба таври автоматӣ бекор карда шавад.

    Шахсоне, ки бо таъин кардани нафақа, миқдори он розӣ нестанд ё аз таъин кардани нафақа рад мекунанд, метавонанд бо тартиби дахлдор ба шуъбаи ноҳиявии (шаҳрии) Фонди ғайрибуҷетии нафақа муроҷиат кунанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates