Тавре Кумитаи андози Ӯзбекистон хабар медиҳад, барои ин бояд ҳамчун шахси худмашғул тавассути барномаи мобилии Soliq ба қайд гирифта шуда, андози иҷтимоӣ пардохт карда шавад.
Қайд мегардад, ки пардохти андози иҷтимоӣ барои худмашғулон ихтиёрӣ аст, аммо маҳз он шарти ҳатмӣ барои ҳисоб шудани собиқаи меҳнатӣ мебошад.
Ҳаҷми андози иҷтимоӣ дар як сол на камтар аз як воҳиди ҳисобии базавиро (БРВ) ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шахс метавонад маблағи бештар пардохт намояд, ки ин ба ҳаҷми нафақаи оянда таъсири мустақим мерасонад.
Пардохти андоз тавассути хидматрасониҳои бонкии пардохтӣ ё барномаи Soliq имконпазир аст. Муҳим аст, ки танҳо дар сурати саривақт пардохт намудани андоз, ин давра ба собиқаи меҳнатӣ дохил карда мешавад. Дар сурати набудани пардохт, ин давра ба ҳисоб гирифта намешавад.
Ҳамин тариқ, ҳатто бидуни шуғли расмӣ, хатмкунандагон метавонанд пайдарҳамии собиқаи меҳнатии худро таъмин намоянд, ки дар оянда барои гирифтани нафақа ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.