Ин иқдом ҷузъи стратегияҳои ҶСК «Ӯзбекнефтегаз» мебошад, ки ба ҳифзи суботи бозори сӯзишворӣ ва таъмини аҳолӣ бо бензини босифат ва дастрас равона шудааст.
Дар доираи ин стратегия равандҳои истеҳсолӣ оптимизатсия шуда, маҷмӯи чорабиниҳо барои коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот амалӣ гардид. Ин имкон дод, ки ҳамзамон ҳаҷми истеҳсол зиёд ва нарх коҳиш дода шавад.
Дар марҳилаи аввал нархи ибтидоии 1 тонна бензини АИ-92, ки дар заводи азнавкоркарди нефти Бухоро истеҳсол мешавад, дар музоядаҳои биржа аз 12 миллиону 881 ҳазор сӯм то 12 миллион 628 ҳазор сӯм поин бурда шуд. Ҳамин тавр, нархи ибтидоии 1 литр сӯзишворӣ дар биржа 9 400 сӯмро ташкил медиҳад.
Коҳиши нарх барои истеъмолкунандагон муфид буда, ба тамоми бозор таъсири мусбат мерасонад.
ҶСК «Ӯзбекнефтегаз» марҳила ба марҳила кам кардани нархи сӯзишвории баландоктаниро бо мақсади рушди бозори дохилӣ ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон идома медиҳад.






