Дар мамлакат ҷиҳати таҳкими амнияти энергетикӣ, таъмини устувори талаботи дохилӣ ба манбаъҳои энергия, аз ҷумла гази табиӣ, инчунин таъмини бефосилаи соҳаҳои иқтисодиёт пайваста чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, афзудани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба гази табиӣ, муайян намудани захираҳои нав, баланд бардоштани самарадории конҳои мавҷуда ва ба истифода додани конҳои навро тақозо менамояд.
Дар робита ба ин, пеши Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтгаз» вазифаи куллан беҳтар намудани натиҷадории фаъолият ва ҷорӣ намудани равишҳои нав дар соҳа гузошта шудааст.
Тавре дар тақдимот таъкид гардид, соли 2025 аз ҷониби корхонаҳои ҷомеа 25,2 миллиард метри мукааб гази табиӣ истихроҷ гардида, 56 чоҳи нав парма карда шуд, 29 чоҳ пурра таъмир гардид.
Дар солҳои 2026–2027 таъмин намудани сатҳи устувори истихроҷи гази табиӣ ва татбиқи зиёда аз 300 чорабинии геологӣ-техникӣ дар назар аст.
Дар тақдимот дар бораи вазифаҳои афзалиятноке, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд иҷро шаванд, маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, ба баланд бардоштани самарадории корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва геологӣ-техникӣ, зиёд кардани захираҳо ва таъмин намудани устувории ҳаҷми истихроҷ, инчунин такмили тартибу расмиёти харидҳо диққати махсус дода мешавад.
Ҳамчунин, тавассути коркарди амиқи газ бобати таъсисдиҳии занҷираи арзиши иловашуда, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, ки ҷойгузини воридот шуда метавонанд, солимгардонии молиявии ҷамъият ва корхонаҳои он чорабиниҳо андешида мешаванд.
Дар фаъолияти ширкат баланд бардоштани самарадории амалиётӣ, бахусус, аз тасарруф баровардани дороиҳое, ки ба соҳа марбут нестанд, қатъ намудани пардохтҳои сарпарстӣ ва мақбулсозии хароҷот барои таъмини устувории молиявӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардид.
Рақамисозии равандҳои истеҳсолӣ, ба таври густурда ҷорӣ кардани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳа, инчунин тақвияти низоми назорати дохилӣ ва комплаенс, назорати ҳаракати дороиҳои молиявӣ, масъалаи пешгирии коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо низ ҳамчун самтҳои афзалиятноку муҳими фаъолияти ҷамъият муайян гардиданд.
Сарвари давлат ба масъулон супориш дод, ки иҷрои ҳамаи вазифа ва чорабиниҳои пешбинишударо бо ҳисобу китоби дақиқ, интизоми қатъӣ ва дар пояи ҷавобгарии шахсӣ таъмин намоянд.
Дар ҷараёни муаррифӣ ба ҳолатҳои техногенӣ, ки дар рафти корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла дар вилояти Сурхондарё ба қайд гирифта шудаанд, низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Чунин ҳолатҳо ҷузъи таркибиву табиии раванди ҷустуҷӯи майдонҳои нави ояндадор, пармакунии чоҳҳои амиқ ва омӯзиши қабатҳои геологӣ буда, чунин ҳолатҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ низ зиёд дучор меоянд. Таъкид шуд, ки дар кишвар дар чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Президент ба масъулон аз рӯйи пурзӯр намудани мониторинги доимӣ дар ҳудудҳое, ки тадқиқоти геологӣ гузаронида мешаванд, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири назоратӣ ва диққати махсус ба таъмин намудани амнияти аҳолӣ супориш дод.