Дар Ӯзбекистон якҷоя бо ширкати амрикоии «Palo Alto Networks» ба татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи амнияти киберӣ оғоз мекунанд

    Бехатарӣ 6 Noyabr 2025 1011

    5 ноябри соли 2025 вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов ва вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов дар доираи сафари худ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ноиби президенти ширкати «Palo Alto Networks» оид ба сиёсати давлатӣ ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳукуматӣ Даниэл Крузе мулоқот анҷом доданд.

    Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ, ташкили машварату омӯзишҳо оид ба нигоҳдории бехатари маълумот, ошкор ва безарар гардондани таҳдидҳои кибериро баррасӣ намуданд.

    Ба масъалаи баҳодиҳӣ ва санҷиши лоиҳаҳои стартапӣ, мутобиқати онҳо ба талаботи амниятӣ ва меъёрҳои техникии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

    Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ дурнамои дар Ӯзбекистон татбиқ намудани ҳалли ба зеҳни сунъӣ асосёфта, низомҳои автоматиконидашудаи мониторинг, алгоритмҳои муайянсозии таҳдид ва технологияҳои муосири рамзгузорӣ муҳокима шуд.

    Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо оиди ба роҳ мондани шарикии стратегию дарозмуддат байни Ӯзбекистон ва ширкати «Palo Alto Networks», татбиқи барномаҳои нав ҷиҳати таҳкими амнияти киберӣ, рушди ҳалли инноватсионӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар ин соҳа ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates