Ҳуҷҷат созмон додани гурӯҳи кориро байни Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати  «Герофарм»  барои такмили лоиҳа оид ба маҳаллигардонии истеҳсоли инсулин дар Ӯзбекистон дар назар дорад.

Татбиқи лоиҳа дастрасии як қатор доруҳои ҳаётан муҳимро барои одамони гирифтори диабет ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва дар коҳиш додани вобастагии низоми тандурустии Ӯзбекистон аз воридоти ин доруҳо, таъмини бехатарии доруҳо ва рушди истеҳсолоти биотехнологӣ дар мамлакат қадами муҳим хоҳад буд.

Мувофиқи ҳуҷҷат, аз ҷониби Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ба истеҳсолкунандаи Русия дар ҳалли масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа дастгирии ҳамаҷониба расонида мешавад. Дар ояндаи наздик ҷонибҳо "харитаи роҳ"-ро оид ба татбиқи амалии лоиҳа, ки чорабиниҳои мушаххас ва мӯҳлатҳои татбиқи онҳоро дар бар мегирад, таҳия ва тасдиқ мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Барои маълумот: ҶММ «Герофарм» дар байни таҳиягарон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти биотехнологии Русия дар кишварҳои ИДМ ва ИИАО пешсаф аст. Барои содирот, ширкат маҳсулоти баландтехнологии соҳаи эндокринологияро пешниҳод мекунад. Ба инсулинҳои «Герофарм» дар бозори Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ талабот зиёданд.