Дар Ӯзбекистон низоми дастгирии соҳибкории занон таъсис дода мешавад

    Тиҷорат 15 Noyabr 2024 1184

    14 ноябр мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Нодира Шотурсунова бо муовини раиси Раёсати Бонки халқии Ӯзбекистон Гулзода Рашидова ва коршиноси гендерии Бонки осиёии рушд Зайнаб Саид баргузор гардид.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои дастгирии рушди соҳибкории занон ва гузаронидани таҳқиқот дар байни занон дар саросари ҷумҳурӣ барои ҳадафмандона ҷудо кардани қарзҳо ба заноне, ки мехоҳанд кори худро оғоз кунанд, баррасӣ шуданд. Дар асоси ин таҳқиқот тавсияҳо таҳия хоҳанд шуд.

    Зайнаб Саид зоҳир шудани таваҷҷуҳи зиёд ба соҳибкории занон дар Ӯзбекистон ва фароҳам кардани кумакҳои амалӣ ва шароити мусоидро барои ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ қайд кард.

    Дар натиҷаи вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбаъда ва лоиҳаҳои муштараки оянда мувофиқа ба даст омад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates