Дар Ўзбекистон Маркази мониторинги кайҳонӣ ва технологияҳои геоиттилоотӣ ташкил карда мешавад

    Илм 24 May 2022 1331

    Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон № 247 “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани фаъолияти Агентии тадқиқотҳои кайҳонӣ ва технологияҳо” ба мақсади амалӣ намудани мониторинги кайҳонӣ ва таъмини мақомоти идоракунии давлатии аксҳои кайҳонӣ, инчунин ба мақсади роҳандозии истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти кайҳонӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, инчунин дар соҳаи мудофиа ва бехатарӣ дар системаи Агентии тадқиқоти кайҳонӣ ва технологияи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази мониторинги кайҳонӣ ва технологияҳои геоиттилоотӣ таъсис дода хоҳад шуд.

    Марказ фаъолияти худро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

    бо ёрии аппаратҳои сунъӣ аз масофа таҳқиқ кардани Замин, қабул, нигоҳ доштан, кор карда баромадан ва додани маълумот;

    хизматрасонӣ дар соҳаи кайҳонӣ;

    амалӣ намудани фаъолияти илмию инноватсионӣ дар ин самт бо мақсади васеъ ҷалб намудани технологияҳои илмию инноватсионӣ ба соҳаи кайҳон;

    мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёт, соҳаи мудофиа ва амният, фаъолияти иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо бо истифода аз технологияҳои кайҳонӣ ва геоинформатсионӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин.

    Инчунин, Маркази мониторинги кайҳонӣ ва технологияҳои геоиттилоотӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоти мониторинги кайҳонро, ки дар натиҷаи зондкунии фосилавии Замин тавассути ҳавопаймоҳои моҳвораӣ ва бесарнишин ба даст оварда шудаанд, пешниҳод намояд ва дигар хизматрасониҳои марбут ба саноати кайҳонӣ расонад, хабар медиҳад хидмати матбуоти «Ӯзбеккосмос».

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates