Дар Ӯзбекистон Пажӯҳишгоҳи меъёрҳои техникӣ ва стандартикунонӣ дар сохтмон ташкил карда шуд

    Пажӯҳишгоҳи мазкур дар асоси тадқиқоти илмӣ дар соҳаи сохтмон ва шаҳрсозӣ танзими техникӣ, корҳои нормативӣ ва стандартикунониро ба амал мебарорад.

    Дар ин бора директори генералии Маркази ҷумҳуриявии стандартикунонӣ дар соҳаи сохтмон Абулқосим Абдухолиқов дар брифинги АИКО хабар дод.

    Пажӯҳишгоҳ инчунин чунин вазифаҳоро, ба монанди пеш бурдани классификатори миллӣ ва каталоги электронӣ, моделсозии иттилоотии биною иншоот, яъне ҷорӣ намудани технологияи BIM-ро иҷро мекунад.

    Дар баробари ин пажӯҳишгоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои нархгузорӣ ва муайян кардани механизмҳои он дар соҳаи сохтмон мебошад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates