Тибқи қонун:
Бо тартиби муқарраргардида ба иҷора додани амволи давлатӣ бе бастани шартномаи иҷора, беасос монеъ шудан ба иҷорагир дар қабули амволи давлатии иҷора, дастрасӣ ба ҳудуди объекти муносибатҳои иҷора ва истифодаи он, ё ба иҷора додани амволи давлатӣ бо дар шартномаи иҷора нишон додани андоза ва миқдори нодурусти амволи давлатии ба иҷора додашаванда, —
ба шахсони мансабдор аз 5 то 10 ААҲ (аз 1 миллиону 700 ҳазор то 3 миллиону 400 ҳазор сӯм) ҷарима андохта мешавад.
Айнан ҳамин қонуншиканӣ такроран дар тӯли сол пас аз корбурди чораи ҷазои маъмурӣ содир карда шавад, —
ба шахсони мансабдор аз 10 то 15 ААҲ (аз 3 миллиону 400 ҳазор то 5 миллиону 100 ҳазор сӯм) ҷарима андохта мешавад.
Қонуни мазкур аз рӯзи интишори расмиаш эътибор пайло мекунад, хабар медиҳад Вазорати адлия.