Лого Лого-пв-уз

    Дар Ўзбекистон аз сабаби салмонелла барои маҳсулоти Kinder назоратро пурзӯр намуданд

    Тандурустӣ 29 Aprel 2022 837

    Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ба ҳолатҳои сирояти салмонеллез дар ҷаҳон, ки пас аз истеъмоли маҳсулоти шоколади истеҳсоли Белгия таҳти бренди Kinder сабт шудааст, вокуниш нишон дод.

    Вазорат қайд кард, ки то ҳол дар Ӯзбекистон ягон ҳолати сирояти салмонеллез тавассути шоколад ба қайд гирифта нашудааст.

    Дар баъзе кишварҳои ҷаҳон маҳсулоти шоколади истеҳсоли Белгия таҳти тамғаи «Киндер» аз рафҳо бардошта мешаванд. Ба гуфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, афзоиши шадиди гирифторони бемории салмонеллёз дар 11 кишвари ҷаҳон ба ин шириниҳо марбут аст.

    Хабар дода мешавад, ки маҳсулоти шоколади олудашуда ҳадди аққал ба 113 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст. То ҳол аз 151 ҳодисаи марбут ба салмонеллез 150-тоаш дар Аврупо ва боқимонда дар ИМА ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, аз мағозаҳои ин ва дигар минтақаҳо "Kinder Surprise", "Kinder Mini Eggs", "Kinder Surprise Maxi" ва "Kinder Schoko-Bons"-ро мусодира мекунанд.

    «Ба гуфтаи мутахассисон, салмонеллёз бактерияест, ки ба рӯдаи меъдаю рӯдаҳои инсон таъсир мерасонад. Гарчанде ки ин сироят аксар вақт дар беморон нишонаҳои сабукро ба вуҷуд меорад, баъзе намудҳо метавонанд дар одамон бемории шадидро ба вуҷуд оранд. Аломатҳои маъмулӣ дарунравӣ, табларза, дарди шикам ва дилбеҳузуриро дар бар мегиранд”, -- гуфтанд дар Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

    То ҳол дар Ӯзбекистон ягон мавриди сирояти салмонеллез тавассути шоколад сабт нашудааст. Аммо ба унвони чораи эҳтиётӣ бехатарии маҳсулоте таҳти тамғаи “Киндер” ва ҳамчунин тамоми шириниҳои воридшуда ва ба кишвар фурӯхташаванда назорат карда мешавад.

    No date selected
    August 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates