Мутобиқи қонун, соҳибмулки манзили зист ё шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи онро дорад ва манзилро барои зиндагӣ пешниҳод мекунад, вазифадор аст, ки ин шахсонро сари вақт аз рӯи ҷои истиқомат ё ҷои будубош ба қайд гирад.

Бақайдгирии шахсоне, ки дар ҷойҳои истиқомати муваққатӣ зиндагӣ мекунанд, аз рӯи ҷои будубош тариқи огоҳиномавӣ аз ҷониби кормандони масъул тавассути низоми «E-mehmon» амалӣ карда мешавад.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки доимӣ дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, уҳдадоранд, ки на дертар аз 10 рӯзи корӣ баъд аз ворид шудан ба кишвар, аз рӯи ҷои истиқомат ё ҷои будубош ба қайд гирифта шаванд.

Бақайдгирии шаҳрвандони Ӯзбекистон аз рӯи ҷои истиқомат дар ҷойҳои зерин анҷом дода мешавад:

дар шӯъбаҳои муҳоҷират ва расмиёти шаҳрвандии мақомоти корҳои дохилӣ;

дар марказҳои хидматрасонии давлатӣ;

тавассути Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ (my.gov.uz).

Ҳангоми бақайдгирӣ аз рӯи ҷои истиқомат ва ҷои будубош риояи меъёри иҷтимоии масоҳати манзили зист ҳатмӣ мебошад.