Мувофиқи қарор бинобар нақша сарбории таълими ронандагон дар як ҳафта то 20 соат ва дар як шабонарӯз то 4 соат пешбинӣ мешавад.
Шаҳодатнома дар бораи такмили ихтисос барои ронандагон танҳо дар шакли электронӣ дода мешавад.
Барои имтиҳонҳои амалӣ мошинҳое истифода мешаванд, ки на бештар аз панҷ сол барои категориям «В» ва барои категорияҳои дигар на зиёда аз 10 сол истеҳсол шудаанд.
Барномаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Саволҳои аниматсионии имтиҳони назариявии намунаи ягона дар ҳаҷми на камтар аз 1000 тасдиқ карда мешаванд.
То 1 январи соли 2023 низоми ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотии Хидмати бехатарии ҳаракат дар роҳ ба кор медарояд.
Аз 1 ноябри соли 2022 Пойгоҳи ягонаи электронии маълумоти тиббӣ барои ронандагон ташаккул дода, ба низоми ягонаи иттилоотӣ ҳамроҳ карда мешавад, хабар медиҳад вазорати адлия.