Дар Ӯзбекистон лимити интиқоли асъори нақди хориҷӣ афзоиш ёфт

    Молия 7 Sentabr 2023 2412

    Қарори Девони Вазирон аз 4 сентябри соли 2023 № 443 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани қоидаҳои декларатсияи пули нақд, инчунин иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти анбори гумрукӣ, анбори озод ва мағозаи савдои бебоҷ» қабул гардид.

    Минбаъд асъори миллии нақд ва ( ё ки) асъори нақди хориҷии аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ хориҷшаванда ва воридшаванда, ки аз 100 миллион сӯм зиёд аст, бо роҳи декларатсия кардан ва ба корманди гумрук пешниҳод намудани он (пеш ин маблағ 70 миллион сӯм буд) аз назорати гумрукӣ гузаронида мешавад.

    Ҳамчунин ҳоло ҳангоми пешниҳод намудани маблағҳои нақди хориҷии беш аз лимитҳои муқараршуда пеш аз истифода кардани формаи назорати гумрукӣ то пур кардани декларатсия, кормандони мақомоти гумрук қоидаҳои пур кардани декларатсияро мефаҳмонанд.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 6 декабри соли 2023 эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад "Norma".

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates