Дар Ўзбекистон дар тартиби озмоишӣ низоми Mobile ID ба роҳ монда шуд

    Рақамисозӣ 9 Avgust 2022 3149

    Дар Ўзбекистон дар тартиби тест модули нави идентификатсия ва тасдиқи шахсият ҳангоми ворид шудан ба низоми "Ҳукумати электронӣ" – Mobile ID ба кор дароварда шуд.

    Акнун шаҳрвандон бо истифода аз ин модул метавонанд бо рақами телефони мобилии худ сабти ном шаванд ва аз ҳама намуди хизматрасониҳои давлатӣ (ба истиснои хизматрасонии молиявӣ) бидуни имзои электронии рақамӣ истифода баранд.

    Барои ин шумо бояд замимаи мобилии MyGov-ро ба смартфони худ зеркашӣ кунед.

    Хотиррасон мекунем, ки сабти ном тавассути замимаи MyGov (GooglePlay ва AppStore) ройгон аст.