То охири сол дар технопарки "Чирчиқ"-и Ӯзбекистон даҳ корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд

    Саноат 9 Oktabr 2023 1550

    Дар Ӯзбекистон дар парки технологии "Чирчиқ" то охири сол ба кор андохтани даҳ корхонаи нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳоло дар Чирчиқ панҷ корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ кардаанд. Дар ин бора директори генералии "Химград" Айрат Гиззатуллин ба мухбири ТАСС гуфт.

    Ба гуфтаи директори генералӣ, дар ҳоли ҳозир панҷ корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кардаанд ва мо то охири соли ҷорӣ боз 10 иншооти истеҳсолиро ба кор меандозем. Дар маҷмӯъ 34 лоиҳа бо 255 миллион доллар ҳаҷми сармоягузорӣ идома дорад, ки қисме аз онҳо аллакай корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва васлкуниро анҷом медиҳанд.

    Барои маълумот: Технопарки кимиёиву саноатии «Чирчиқ» дар ҳамкорӣ бо технополиси «Химград»-и Қазон таъсис ёфта, барои маҳаллисозии истеҳсолоти ширкатҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Парки технологӣ дорои инфрасохтори пешрафтаи муҳандисӣ бо нуқтаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъминоти барқ ​​​​дар як қадам аз ҳама гуна қитъаи замин ва бино мебошад. Дар ин ҷо барои бефосила бо барқ ​​таъмин намудани сокинон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

    Дар баҳори соли 2023 дар Ӯзбекистон парки технологии "Ҷиззах" кушода шуд ва ин лоиҳа низ дар якҷоягӣ бо мутахассисони парки саноатии "Химград" татбиқ карда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates