Дар Ӯзбекистон шифокорон дугоникҳои сиамиро муваффақона аз ҳам ҷудо карданд

    Тандурустӣ 9 Oktabr 2025 3435

    Дар филиали Маркази илмӣ-амалии тиббии барои саломатии модар ва кӯдак ихисосонидашудаи ҷумҳурии вилояти Тошканд, ки дар шаҳри Чирчиқ ҷойгир аст, як амалиёти нодир анҷом дода шуд.

    Дугоникҳои ба ҳам пайвастшуда (сиамӣ), ки дар ҳафтаи 33-34-уми ҳомиладорӣ бо роҳи "бури ҷарроҳӣ" пеш аз мӯҳлат ба дунё омадаанд, баъд аз 9 соати таваллуд, таъҷилӣ ва дар шароити маҳаллӣ тавассути як амалиёти хеле мураккаб аз ҳам ҷудо карда шуданд.

    Ҷарроҳии панҷсоатаи баландтехнологӣ аз ҷониби як гурӯҳи мутахассисони варзида таҳти роҳбарии мудири Маркази ҷарроҳии неонатали назди Маркази ҷумҳуриявии перинаталӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Бахтиёр Эргашев анҷом дода шуд.

    Имрӯз вазири тандурустии ҷумҳурӣ Асилбек Худоёров аз вазъи саломатии дугоникҳо хабар гирифт.

    — Чунин амалиёти ниҳоят мураккаб на дар ҳама давлатҳо анҷом дода мешавад, — гуфт вазир. — Ҳатто дар кишварҳои соҳаи тиб пешрафта ҳам чунин амалиёт пас аз таҳлилҳои дарозмуддат ва омодагии ҳамаҷониба иҷро мегардад. Зеро ин ҷарроҳии нодир ба ҳисоб меравад. Дар сатҳи вилоятӣ ва бо роҳи таъҷилӣ муваффақона аз ҳам ҷудо намудани чунин дугоникҳои сиамӣ, ки бармаҳал таваллуд шудаанд, далели равшани ба марҳалаи нав баромадани тибби кишвари мо мебошад.

    Гурӯҳи мутахассисоне, ки дар амалиёти ҷудо кардани дугоникҳои сиамӣ иштирок намуданд, аз ҷониби вазир А.Худояров бо нишони сарисинагии "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон" сарфароз гардиданд.

    Имрӯз модар ва кӯдакони навзоди беҳбудёфта аз бемористон ба хона ҷавоб шуданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates