Дар Ӯзбекистон барои нӯшокиҳои газдор ва қувватбахшанда андози аксизӣ ҷорӣ карда мешавад

    Молия 5 Yanvar 2024 1513

    Аз 1 апрели соли 2024 дар Ӯзбекистон барои нӯшокиҳои газдор, ки шакар ё ширинкунандаҳо доранд, инчунин барои нӯшокиҳои энергетикӣ андози аксиз ҷорӣ карда мешавад.

    Дар ин бора дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати қабули самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа барои соли 2024” аз 28 декабри соли 2023 гуфта мешавад.

    Тибқи ҳуҷҷат, андози аксизӣ муқаррар карда мешавад:

    барои нӯшокиҳои газдоре, ки дар таркибаш қанд ё дигар моддаҳои ширинкунанда ё хушбӯйкунанда доранд ва дар бастаи истеъмолӣ бастабандӣ карда шудаанд (ба истиснои нӯшокиҳои энергетикӣ ва тоникӣ) — барои як литр 500 сӯм;

    нӯшокиҳои энергетикӣ ва тоникӣ — барои ҳар литраш 2000 сӯм.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates