Дар Ӯзбекистон шахсони ҳуқуқӣ метавонанд барои (реклама) таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кортҳои асъории корпоративӣ пардохт кунад

    Молия 23 May 2023 1648

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани низоми пардохти хароҷоти таблиғотии шахсони ҳуқуқӣ дар шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ бо истифода аз кортҳои корпоративии бонкӣ дар асъори хориҷӣ» аз 19 майи соли 2023 № 207 қабул гардид.

    Такмили низоми пардохти хароҷоти реклама аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дар шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ бо истифода аз кортҳои корпоративии асъори хориҷӣ ва инъикоси ин хароҷот дар андоз ва дигар ҳисоботҳо дар "харитаи роҳ" оид ба боз ҳам такмил додани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар солҳои 2022-2023, ки бо қарори Президенӣ аз 22 августи соли 2022 № ҚП-357 тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардидааст.

    Аз 1 июл ба шахсони юридикӣ иҷозат дода мешавад, ки дар давоми як моҳи тақвимӣ барои хароҷоти таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ аз кортҳои бонкии корпоративӣ ба маблағи на зиёда аз 5000 доллари ИМА ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад.

    Маълумот дар бораи ин пардохтҳо бояд ба системаи ягонаи иттилоотии электронии амалиёти савдои хориҷӣ ворид карда шавад.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи маълумотҳои миллии қонунгузорӣ бо забони давлатӣ эълон шудааст ва аз 20 майи соли 2023 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates