Дар Ўзбекистон платформаи инноватсионии иттилоотӣ барои бачаҳо, наврасон ва волидон ба кор дароварда шуд

    Рақамисозӣ 29 Sentabr 2022 1241

    Таъсиси ин платформа бо номи "Интернети чизҳои хуб" қадами муҳим дар таъмини дастрасии ройгон ба кӯдакон, наврасон ва волидон ба иттилооти баландсифат, бехатар, объективӣ ва муфид буд.

    Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар АИКО бо иштироки масъулини Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон, Вазорати тандурустӣ, Вазорати таълими халқ ва Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

    Платформа мафҳумҳои заруриро оид ба масъалаҳои мубрами «Саломатии рӯҳӣ», «Маориф», «Тандурустӣ», «Ҳуқуқи инсон», «Бехатарии роҳ» дар бар мегирад.

    Барнома комилан ройгон аст. Масалан, агар писар ё духтар имкони дастрасӣ ба интернет надошта бошад, дар чунин ҳолат онҳо метавонанд ба осонӣ аз платформа маълумотро ройгон зеркашӣ кунанд.

    Платформа бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қорақалпоқӣ фаъолият мекунад ва айни замон барои ғанӣ гардонидани мундариҷаи он корҳо марҳила ба марҳила идома доранд.

    Маълумот на танҳо дар шакли матн, балки дар формати инфографика ва видео низ пешниҳод карда мешавад. Ин платформаи инноватсионӣ метавонад аз 28 сентябр истифода шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates