Дар Ӯзбекистон Платформаи ягонаи сайёҳии миллӣ ба кор оғоз мекунад

    Сайёҳӣ 11 Dekabr 2024 149

    Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 декабри соли 2024 № 820 «Дар бораи чораҳои рақамисозии соҳаи сайёҳӣ ва муттаҳидсозии хизматрасониҳои сайёҳӣ дар платформаи ягона» Платформаи ягонаи сайёҳии миллӣ роҳандозӣ мешавад.

    Аз 1 сентябри соли 2025 дар доираи таҷриба тавассути платформа инҳо имконпазир мегарданд:

    бронкунӣ ва баҳодиҳии ҷойҳои истиқомат;

    истифодаи хизматрасониҳои туроператорҳо ва турагентҳо, инчунин роҳбаладон ва роҳнамои забондон;

    фармоиши таксӣ ва иҷораи нақлиёти автомобилӣ;

    харидории чиптаҳои автобус, ҳавопаймо ва роҳи оҳан, инчунин чиптаҳо барои боздиди объектҳои мероси фарҳангӣ, осорхонаҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб;

    анҷом додани пардохтҳо барои хизматрасониҳои сайёҳӣ тавассути системаҳои пардохтии байналмилалӣ ва миллӣ.

    Дар платформа инчунин таҳлили ҳисоботи омории соҳаи сайёҳӣ дар вақти воқеӣ сурат мегирад ва маълумот бо 14 забон интишор дода мешавад.

    Ҳуҷҷат дар Базаи миллии қонунгузорӣ нашр шудааст ва 10 декабри соли 2024 эътибор пайдо кард, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates