Мувофиқи Фармон, зина ба зина аз соли таҳсили 2023/2024:
- дар синфҳои 1-4-уми мактабҳо барномаҳои таълимӣ ва комплексҳои таълимию методӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки ба ташаккули донишҳои ибтидоии талабагон нигаронида шудаанд, дар синфҳои 5-9 — донишҳои асосӣ, дар синфҳои 10-11 — донишҳои ба шавқу ҳавас ва қобилияти онҳо мувофиқ;
- тартиби нави баҳодиҳии дониш ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон маҳорати хонандагон дар татбиқи мавзўъҳои дар амалия фаро гирифташуда, тафаккури танқидӣ ва таҳлили маводи пешниҳодшуда баҳо дода мешавад;
- дар синфҳои ибтидоӣ аз фанни информатика ва дар синфҳои миёна аз фанни саводнокии молиявӣ дарсҳо гузаронида мешаванд;
- вазни қиёсии машғулиятҳои амалӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо ба 60 фоиз расонда мешавад.
- Аз 1 январи соли 2024 низоми аттестатсияи касбии омӯзгороне, ки бори аввал ба кор қабул мешаванд, ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, аз соли таҳсили 2023/2024 омӯзгорон ба ҳайси омӯзгори таҷрибаомӯз кор мекунанд ва бояд дар давоми 1 сол соҳиби шаҳодатнома шаванд.
Аз 1 январи соли 2024 тартиби нави додани категорияи тахассусӣ ба мураббиёни боғчаҳои давлатӣ, мактабҳо ва муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, санҷишҳо барои гирифтани категорияи тахассусӣ на камтар аз як маротиба дар як сол дар ду марҳила гузаронида мешаванд, ки дар чаҳорчӯби он дар марҳилаи аввал сатҳи дониши довталаб аз фанни ихтисос ва стандарти касбӣ, дар марҳилаи дуюм — маҳорати педагогӣ баҳогузорӣ карда мешавад; Вазорати адлия мегӯяд, аз 1 июни соли 2024 маоши мураббиёни боғчаҳо ба маоши омӯзгорони мактабҳо баробар мешавад.