Ҳадафи аслии ин созмон ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар раванди омодасозии касбии судяҳо ва ислоҳоти низоми судӣ, мусоидат ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами илмӣ дар соҳаи баҳодиҳии фаъолияти судяҳо мебошад. Илова бар ин, созмон дар таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои судяҳо ва кормандони соҳа ҳамкорӣ хоҳад кард.

Якҷоя бо Суди олии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва идораҳои дигари манфиатдори созмон Барномаи фаъолиятро оид ба таҳкими низоми судӣ ба мақсади амалӣ намудани суди одил дар Ӯзбекистон, баланд бардоштани маҳорати касбии судяҳо ва эътимоди аҳолӣ ба низоми суд татбиқ менамояд.

Созмони East-west management institute, Inc. ба нақша гирифтааст, ки дар кишварамон то 31 декабри соли 2025 кор кунад, хабар медиҳад ЎзА.