Дар «Ўзчармсаноат» мушкилот ва даъватҳо дар назди корхонаҳои замонавии автоматиконидашудаи саллоххона баррасӣ шуданд

    Саноат 13 Iyul 2022 1355

    Дар Ассотсиатсияи “Ўзчармсаноат” вохӯрӣ тавассути робитаи видеоконфронс бо соҳибкорон ва намояндагони Кумитаи давлатии ветеринарӣ ва рушди чорводорӣ баргузор гардида, дар он мушкилоти муосири чорводорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷамъомади дар руҳи таҳлили танқидӣ баргузоршуда дар бораи мушкилоте, ки дар роҳи тараққиёти минбаъдаи саноат халал мерасонанд ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан ронданд.

    Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 89 саллоххона мавҷуд аст, Дар карори Президент вазифа гузошта шудааст, ки дар ҳар ноҳияву шаҳри ҷумҳурӣ 203 саллоххонаи автоматику-нидашуда сохта шавад.

    Инчунин бинобар "Барномаи лоиҳаҳои мақсаднок" оид ба бунёд намудани 108 хидмати сайёри ихчам оид ба қассобӣ ва ҷамъ овардани ашёи хоми пӯсти чорвои калони шохдор дар маҳаллаҳои сераҳолии қисмати ҳар як ноҳия корҳо анҷом дода мешаванд.

    Ин самт инкишоф меёбад, вале дар баробари ин камбудию норасоиҳо ҳанӯз ба мушоҳида мерасанд. Онҳо дар мулоқот бо худи соҳибкорон муҳокима шуданд. Дар вохӯрии онлайн роҳбарони корхонаҳои қассобӣ, ки зиёда аз 60 нафарашон ширкат доштанд, тавонистанд аз таҷрибаи худ нақл кунанд ва ба сохторҳои масъул саволҳо диҳанд.

    Ба чунин мавзӯҳои мушкил, аз қабили эҷоди монеаҳои сунъӣ аз ҷониби мақомоти танзимкунанда ва мушкили ҷалби чӯпонону деҳқонон ба қасосбхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

    Масъалаи дигаре, ки субъектҳои хоҷагидориро дар ин самт нигарон кардааст, ба таври муфассал – фурӯши маҳсулоти гӯштӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ба соҳибкорон дар кушодани нуқтаҳои савдо ёрӣ расонда мешавад, ки дар онҳо гӯштро «аз дасти аввал» фурухта метавонанд.

    Аз рӯи як қатор масъалаҳо дар маҳал роҳҳои ҳалли масъала пешниход карда шуда, онҳое, ки ба муносибати муфассалтар эхтиёҷ доранд, ба протоколи маҷлис дохил карда шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates