"Ман некбин  ҳастам, бовар дорам, ки соли оянда мо аз пандемия мебароем, аммо, албатта, коронавирус хотима намеёбад. Ва шояд мо бояд бо ӯ зиндагӣ кунем. Аммо шумо медонед, ки ин ба зуком монанд аст. Ваксинаҳои грипп мавҷуданд. Ҳар сол онҳо каме ба штаммҳои нав мутобиқ мешаванд ва одамон эм карда мешаванд - ва ин хуб аст ” гуфт Клюге.

Ба андешаи ӯ, "муҳим аст, ки мо аз гузашта сабак гирем", "аз хатогиҳои худ ва баъзе дарсҳо гирем".  “Барои пешгирии такрори пандемия дар ҳар кишвар, тандурустӣ бояд нақши аввалиндараҷа дошта бошад. Агар саломатӣ ва беҳбудӣ набошад, на иқтисод, на амният ва на оромии иҷтимоӣ вуҷуд хоҳад дошт. Мо бояд ба соҳаи тандурустӣ сармоягузорӣ кунем” гуфт роҳбари бюрои аврупоии СУТ.

"Мо то ки худро бехатар ҳис кунем, бояд ҳадди ақалл 80-85 фоизи аҳолиро эм кунем" - мегӯяд Клюге. -- Бо вуҷуди ин, аз 53 кишваре, ки минтақаи аврупоии СУТ-ро ташкил медиҳанд, 35-тоаш "платаи эмкунӣ"-ро аз сар мегузаронанд, яъне шумораи одамоне, ки эм карда мешаванд, дигар намеафзояд".

Намояндаи  СУТ хабар дод, ки барои фаҳмидани он, ки кӣ ва чаро эм карда намешавад, созмон намунаҳои рафтори аҳолиро тадқиқ кард.

«Мо фаҳмидем, ки одамон ҳатман ба ваксина мухолиф нестанд. Баръакс, одамон саволҳое доранд, ки ба онҳо посух мехоҳанд. Масалан, қаблан ваксина солҳои тӯлонӣ таҳия карда мешуд, ин ваксина бошад, хеле зуд офарида шуд, оё он воқеан бехатар аст? Бале, ваксинаҳо аз тамоми расмиёти озмоиш гузаштаанд ва онҳо бехатаранд ” - гуфт Клюге.

Ба андешаи ӯ, бо пешвоёни афкор кор пеш бурда,  маълумоти заруриро бояд расонид.

Клюге сабаби то ҳол ба қайд гирифта  нашудани ваксинаи "Спутник V" -ро шарҳ дод: “Мушкилот дар он аст, ки файли техникии қайди ваксина ҳанӯз пурра омода нашудааст. Аммо, Русия дорои потенсиали хеле баланди саноатӣ, зеҳнӣ ва техникӣ мебошад. Аз ин рӯ, баробари омода шудани ин файли техникӣ, ваксина метавонад ба қайд гирифта шавад".