Ҷаласа таҳти ҳамраисии муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илзат Қосимов ва муовини вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Тхи Тханг баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ба масъалаҳои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, маориф ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Ветнам ба имзо расид, ки маҷмӯи тадбирҳои мувофиқашударо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар бар мегирад.