Дар Ҷопон бар асари оташфишонии вулқони зериобӣ ҷазираи нав пайдо шуд

    Илм 6 Noyabr 2023 2128

    Коршиносони Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии назди донишгоҳи Токио аз пайдо шудани ҷазираи нави диаметраш тақрибан 100 метр дар натиҷаи таркиши вулқони зериобӣ дар наздикии ҷазираи Ио дар Ҷопон хабар доданд.

    Дар рафти мушоҳидаҳои ҳавоӣ фаввора задани вулқони зериобӣ дар наздикии ҷазираи Иоро тасдиқ шуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар рафти оташфишонӣ ҳангоми ба обҳои уқёнус фаромадани магма таркиши ба истилоҳ фреатомагматикӣ рух дод, ки дар натиҷаи он сангҳои азим аз зери об партофта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

    Дар наздикии мавзеи оташфишонӣ ҷазираи нав пайдо шуд, ки диаметраш қариб 100 метр аст. Сатҳи онро ҷинсҳои вулқонӣ пушонда, обҳои сарҳадии атрофи он ранги хокистарранг дорад.

    Ба ин муносибат, коршиносон бар ин назаранд, ки бо идомаи оташфишонӣ, ҳаҷми ҷазира низ метавонад афзоиш ёбад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates