Яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Япония мехоҳад бо ҳамкории чанд ширкати маҳаллӣ барои истеҳсоли роботҳои инсонмонанд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва корҳои наҷотдиҳӣ истифода хоҳанд шуд, неру вав иқтидори худро ба ҳам орад. Дар ин бора хабаргузории Kyodo хабар дод.
Донишгоҳи Васэда ният дорад, ки якҷоя бо ширкатҳои маҳаллии Murata, Tmsuk ва SRE Holdings истеҳсоли роботҳо бо баландии 3 метр ва вазни 300 кг-ро ба роҳ монад. Чунин роботҳо метавонанд бо суръати 5 км/соат ҳаракат карда, беш аз 100 кг бор бардоранд. Вазифаи асосии ин роботҳои бузург — тоза кардани харобаҳо пас аз заминларзаҳо ва дигар офатҳои табиӣ аст, ки дар Япония бештар ба чашм мерасанд.
Қарор аст, ки то охири соли 2026 модели санҷишӣ ва то соли 2029 истеҳсоли оммавии он ба роҳ монда шавад. Инчунин, таъкид мегардад, ки коршиносони ҷопонӣ бо ин лоиҳа мехоҳанд ба мамлакат, ки як замон роботи машҳури ASIMO-ро офарида буд, пешсафии пешинаро дар соҳаи робототехника баргардонанд, хабар медиҳад tass.ru.








