Дар доираи чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи Аҷу дар шаҳри Тошканд Ғайрат Муратов ташриф оварда, зиёда аз даҳ чорабинии илмӣ, амалӣ ва фарҳангӣ бо иштироки намояндагони ду кишвар баргузор гардид.
Инчунин, дар дотраи ҳафта бо профессорони куриёиҷанубӣ мубодилаи педагогӣ ва методӣ сурат гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои фаъолсозии самти таълимии Донишгоҳи Аҷу дар Тошканд дода шуд.
Дар шаҳраки донишгоҳ шароити мусоиди барои донишҷӯён оид ба гирифтани таълими босифат ва фароғат фароҳам овардашуда, фаъолияти синфхонаҳо, китобхонаҳо, студияҳои лоиҳакашӣ, робототехника ва лабораторияҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Оид ба китобҳои дарсӣ, мазмуни дарсҳо, табодули донишҷӯён, ихтисоси омӯзгорон табодули афкор сурат гирифт.
Масъалаҳои ба роҳ мондани алоқаҳо байни донишҷӯён аз Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё, мубодилаи ахбор ва амалиёт оид ба тамоми масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Дар ин донишгоҳ ҳудуди 16 ҳазор донишҷӯ дар беш аз 40 риштаи таълим таҳсил мекунанд. Аз он ҷумла, ин муассисаи таълим дар соҳаи муҳандисӣ, мошинсозӣ, менеҷменти саноатӣ, тиб ва меъморӣ аз мактабҳои олии бонуфуз ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Умуман, Ҳафтаи Ӯзбекистон на танҳо аз нуқтаи назари дурнамои фаъолияти Донишгоҳи Аҷу дар Тошканд, балки барои донишгоҳҳои низоми таҳсилоти олии Ӯзбекистон низ муфид гардид.