Дар Куриёи Ҷанубӣ барои бачаҳо афсонаҳои ӯзбекӣ чоп шуд

    Фарҳанг 27 Mart 2023 2108

    Бо дастгирии Маркази фарҳангии Осиёи (Asia Culture Center, ACC) назди Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Куриё афсонаҳои ӯзбекии “Дурдонаи Шарқ – Самарқанд” («Шарқ гавҳари - Самарқанд»), "Дӯсти абрии ман" («Менинг булут дўстим»), «Нортой ва бобои барфӣ» («Нортой и қорбобо»), "Ҳилаи макккор" («Маккорнинг хийласи»), "Мусиқанавози хурд" («Кичкина мусиқачи») ба забони коресӣ тарҷума шуданд.

    Ҳадафи асосии Маркази фарҳангии Осиё Asia Culture Center таҳияи барномаҳои нави ояндадор тавассути омезиши санъат ва фарҳанги гузашта ва имрӯзаи Осиё бо ғояҳои навоварона мебошад, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Афсонаҳои ӯзбекӣ, ки пешкаши хонандагони ҷавони кореягӣ мебошанд, имкон медиҳад, ки дар бораи Самарқанди қадим, ки дар маркази Роҳи бузурги абрешим ҷойгир аст ва дар табодули фарҳанги байни халқҳои асрҳои II-I -уми то давраи мо нақши муҳим бозидааст, тасаввурот пайдо кунанд. Инчунин дар бораи саҳми ӯ дар робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кишварҳои Шарқу Ғарб.

    Бак ғайр аз ин, кӯдакон дар шакли дастрас тавассути матн ва расмҳои дурахшон дар бораи майдони ба тамоми ҷаҳон машҳури Регистон, маконе, ки неруи созандаи ниёгонамон, шоҳасарҳои ҳунари самаркандӣ, матоъҳои абрешимиро намоиш медиҳад ва поезди баландсуръати барқии "Афросиёб", қулайиҳо барои сайёҳон шинос хоҳанд шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates