Дар Кореяи Ҷанубӣ овоздиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи президентӣ оғоз шуд

    Дар саросари мамлакат 3500 қитъаи интихоботӣ барои интихобкунандагон боз аст, хабар додааст Комиссияи марказии интихоботӣ.

    Рӯзи 29 май дар саросари кишвар овоздиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи президентии Ҷумҳурии Корея оғоз ёфт. Комиссияи марказии интихоботӣ хабар дод, ки дар саросари кишвар 3500 қитъаи интихоботӣ барои интихобкунандагон боз аст.

    Қитъаҳои интихоботӣ аз соати 06:00 то 18:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд. Овоздиҳии асосӣ рӯзи 3 июн баргузор мешавад. Овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар қитъаҳои интихоботии давлатҳои хориҷӣ рӯзҳои 20-25 май баргузор шуд.

    Довталаби пешбари сабқати президентӣ Ли Ҷе Мюнг қаблан гуфта буд, ки дар рӯзи аввали овоздиҳии пешакӣ овоз хоҳад дод. Рақиби аслии ӯ Ким Мун Су ва номзади дигар Ли Ҷунг Сок низ чунин нақшаҳоро эълон карданд.

    Аҳолии Ҷумҳурии Корея тақрибан 51,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ, дар ин кишвар ҳудуди 44,3 миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. То соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ, ширкат дар интихоботи пеш аз муҳлат 3,5 дарсад буд, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates