Дар "Боғи сабзи CRIC-21"-и вилояти Самарқанд 1000 бех ниҳоли дарахт шинонда шуд

    Сайёраи сабз 14 Noyabr 2023 2398

    Дар Самарқанд дар чаҳорчӯби иҷлосияи 21-уми Кумитаи бозрасии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ “Боғи сабзи CRIC-21” таъсис дода шуд.

    Дар чорабинӣ муовини котиби генералии СММ, котиби иҷроияи Конвенисияи мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкшавӣ Иброҳим Тиау, раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, инчунин намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ иштирок карданд.

    Дар рафти чорабинӣ дар "Боғи сабзи CRIC-21" 1000 ниҳоли дарахт шинонда шуд.

    Барои маълумот, майдони боғ 2,5 гектар буда, ба боғи ҷамъиятӣ барои сокинон ва меҳмонони вилоят табдил дода мешавад. Қобили зикр аст, ки бо назардошти мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии халқи ӯзбек робитаи ҷомеа ва табиат бештар бо рамзи дарахт ифода меёбад.

    Имрӯз лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил шудааст, ба анъана табдил ёфтааст. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа аз ҷониби Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим ва Агентии хоҷагии ҷангали назди вазорат дар саросари кишвар шинондани ниҳолҳои дарахтон идома дорад.

    Аз ҷумла, дар ду соли оғози ин лоиҳа дар маҳаллаҳои истиқоматӣ беш аз 1200 гектар боғҳои “сабз” ва боғҳои ҷамъиятӣ ва беш аз 1 миллион гектар майдонҳои “сабз” дар канори роҳравҳо бунёд карда шуданд. Имсол аз 25 октябр то 1 декабр «мавсими дарахтшинонии тирамоҳӣ» эълон шудааст, ки дар ин давра шинондани 85 миллион дарахт дар назар аст.

    Бар замми ин, дар хоҷагиҳои ҷангал 5 миллион бех ниҳол шинонда, дар атрофи партовгоҳо ва ҳудудҳои корхонаҳои бузурги саноатӣ "камарҳои сабз" барпо намуда, дар қад-қади майдонҳо 20 миллион бех ниҳоли сафедор, тут ва ангур, дар ҳудуди кӯдакистон, мактабҳо, донишгоҳҳо ва беморхонаҳо, инчунин дар майдони 100 ҳазор гектар қаъри хушки Арал 3,5 миллион бех ниҳол шинонда, бунёд намудани "боғҳои сабз" ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates