Корҳо барои ба маркази «fashion»-и Осиёи Марказӣ табдил додани Тошканд идома доранд

    Тиҷорат 15 Dekabr 2022 2066

    Дар давоми панҷ соли охир дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 350 корхонаи нави бофандагӣ барпо карда шуд.

    Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар АИКО бо иштироки масъулини Ассотсиатсияи «Ӯзтӯқимачиликсаноати» хабар дода шуд:

    Соли 2021 содироти маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба соли 2017 64,7 фоиз афзуда, ҳиссаи саноати нассоҷӣ ба сатҳи баландтарин – 41,5 фоиз расид. Бо ифодаи пулӣ содирот се баробар афзуда, соли 2016 ин рақам 1 миллиард доллар ва дар соли 2021 3,05 миллиард долларро ташкил дод.

    Пешниҳоди сабукиҳои GSP+ ба кишвари мо имкон дод, ки ба занҷири истеҳсоли ҷаҳонии Аврупо ворид шавад.

    Дар айни ҳол Ӯзбекистон ба беш аз 100 брендҳои чунин кишварҳо ба мисли Италия, Испания, Англия, Германия, Полша, Франция, Туркия ва ИМА маҳсулот интиқол медиҳад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates