баннер
21 Apr 2025
12:33

    Ба дарёи Ҳудзони наздикии Ню-Йорк чархбол суқут кард: шаш нафар ҳалок шуданд

    Дар наздикии шаҳри Ню-Йорк (ИМА) як чархбол ба дарёи Ҳудзон бархӯрд, хабар медиҳад CBS.

    Дар даруни чархбол шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак буданд.

    Ҳодисаи фавқулодда дар Ҷерсӣ Сити, ки дар соҳили муқобили Ню Йорк ҷойгир аст, рух дод.

    Яке аз мусофирони ноболиғ ва халабон аз об бароварда шуданд.

    Fox News NY хабар дод, ки чархболи Bell 206 суқут кардааст. Бино ба иттилои шабакаи маҳаллии ABC News, садама бо вақти маҳаллӣ тахминан соати 15:30 рух додааст. Тибқи иттилои пешакӣ, дар ҳавопаймо хонаводаи сайёҳон ва як халабон ҳузур доштанд.

    Чархбол дар ҳаво пароканда шуда, сипас ба дарё афтодааст. Шаш нафаре, ки дар чархбол буданд, фавтиданд, хабар медиҳад 24.kg.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech