Ислоҳоти фарогире, ки дар низоми мудофиаи кишвари мо амалӣ мегарданд, дар баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳо ва самаранокии фаъолияти бахшҳои ҳарбию маъмурӣ омили муҳим мебошанд.
Дар ин қисми ҳарбӣ низ барои омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Биноҳои таълимӣ, ошхона, хобгоҳҳо, утоқҳои маънавият ва маърифат, шаҳраки варзишӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.
Айни замон дар низоъҳои гуногуни минтақавӣ зеҳни сунъӣ, роботҳо, мушакҳо, дронҳо ва воситаҳои муқобила бо онҳо васеъ истифода мешаванд. Бо дарназардошти ин, Сарфармондеҳи олӣ вазифа гузошт, ки дар сафи нерӯҳо воҳидҳои нави махсус барои истифода ва муқобила бо дронҳо, сохторҳои киберӣ барои кор бо зеҳни сунъӣ, инчунин истифодаи техникаи роботӣ ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис дода шаванд.
Дар ин самт корҳои мунтазам идома доранд, артиши миллӣ бо силоҳ ва техникаи муосири ҳарбӣ таъмин мегардад.
Сарвари давлат бо шароити дар қисми ҳарбӣ фароҳамшуда, инчунин бо техника ва силоҳи ҳарбӣ, аз ҷумла маҷмӯаҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоӣ шинос шуд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди артиши миллӣ бояд хусусиятҳои низоъҳои мусаллаҳи муосир, таҳдидҳои мавҷудаи амниятӣ ва хусусиятҳои саҳнаи амалиёти ҳарбӣ ба инобат гирифта шаванд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки иҷрои пайдарпайи вазифаҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва омодабошии ҳайати шахсӣ идома дода шавад.