Владимир Норов дар сеюмин мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “Осиёи Марказӣ – Чин” ширкат мекунад

    Воқеаҳо 7 Iyun 2022 1320

    8 июни соли 2022 иҷрокунанда вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов дар мулоқоти сеюми вазирон дар формати «Осиёи Марказӣ - Чин», ки дар шаҳри Нур-Султон (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

    Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо нақша доранд, ки роҳҳои татбиқи ташаббусҳои аз ҷониби сарони давлатҳо 25 январи соли 2022 дар ҳамоиши онлайнии «Осиёи Марказӣ - Чин» ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ эълоншуда, инчунин масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ намоянд.

    Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои дуҷониба бо сарони ҳайатҳои ин формат низ дар назар аст, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates