Владимир Норов асосгузор ва раиси Донишкадаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози назди Шӯрои сиёсати хориҷии ИМА-ро пазируфт

    26 июли соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ» иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов асосгузор ва раиси Донишкадаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози назди Шӯрои сиёсати хориҷии ИМА Фредерик Старрро ба ҳузур пазируфт.

    Мутахассиси амрикоӣ ба аҳамияти конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил карда шуда, дар он беш аз сад ҳайати хориҷӣ аз тамоми ҷаҳон ширкат дошт, баҳои баланд дод.

    Таъкид гардид, ки анҷумани Тошканд воқеаи муҳим ва саривақтӣ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва барқарорсозии иқтисодии давлат ба манфиати тамоми мардуми Афғонистон, ҳамсояҳои он ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

    Конфронси байналмилалӣ боз як далели эътирофи муваффақияти роҳи нави минтақавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ба шарофати фаъолият ва талошҳои амалии дипломатияи Ӯзбекистон тайи солҳои охир дар минтақа фазои комилан нави сиёсӣ ташаккул ёфта, нишондиҳандаҳои тиҷорат баланд гардида, робитаҳо дар ҳама сатҳҳо густариш ёфта, робитаи мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мустаҳкам мешавад.

    Дар мулоқот пешниҳодҳои мушаххас оид ба густариши ҳамкориҳои донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳлилии Ӯзбекистон ва ИМА дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates