Владимир Норов бо котиби иҷроияи ЭСКАТО мулоқот анҷом дод

    10 августи соли 2022 иҷрокунанда вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Алисҷабана мулоқот кард.

    А.Алисҷабана барои нақши фаъоли Ӯзбекистон дар пешбурди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои нави байниминтақавии нақлиётӣ, таҳкими робита бо Осиёи Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳо изҳори сипос намуд.

    Таъкид шуд, ки талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ барои ҳамгироии Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ сазовори баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

    Зимни суҳбат самтҳои мушаххаси ҳамкории Ӯзбекистон ва ЭСКАТО, иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалии Комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ба минбаъд пеш бурдан ва татбиқи амалии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи созмон додани Маркази минтақавӣ оид ба рушди пайвастагии нақлиётию коммуникатсионӣ таҳти шафоати СММ дар шаҳри Тошканд эътибори алоҳида дода шуд.

    А.Алисҷабана иштироки худро дар ҳамоиши сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд, ки дар ҷараёни он имзои Ёддошти ҳамкорӣ миёни ЭСКАТО ва СҲШ дар назар аст, тасдиқ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates