Владимир Норов бо раиси Шӯрои пирони Созмони кишварҳои туркӣ мулоқот кард

    23 марти соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо раиси Шӯрои пирони (оқсақолон)-и Созмони давлатҳои туркӣ, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия Бинали Йилдирим, ки барои боздиди корӣ ба мамлакати мо омадааст, мулоқот анҷом дод.

    Дар оғози сӯҳбат В.Норов Б.Йилдиримро ба муносибати таъин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар вазифаи баланду масъулиятнокаш барору комёбиҳо таманно карда, натиҷаҳои пурсамари ҷаласаи Шӯрои пирони СДТ-ро, ки 9-11 феврал соли равон дар Истанбул баргузор гардид, қайд намуд.

    Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва СДТ баррасӣ шуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

    Дар ин замина оид ба рушди минбаъдаи фаъолияти Шӯро табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates