Дар Фаронса масъалаҳои ташкили ҷашнвораи «сайли ангур» дар ноҳияи Паркент баррасӣ шуданд

    Ҳайати ҳукумати вилояти Тошканд, ки аз 10 то 13 январ дар Фаронса буд, бо директори генералии Созмони байналмилалии токпарварӣ ва винопазӣ (СБТВ) Пао Рока вохӯрда, масъалаи ташкили фестивали виноро баррасӣ карданд.

    Зимни суҳбат зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар даҳ рӯзи аввали моҳи сентябр дар ноҳияи Паркент баргузории «Ҷашнвораи ангур» ба назар гирифта шудааст.

    Пао Рока ба ин қарор баҳои баланд дода, майлу хоҳиши СБТВ-ро ба иштирок кардан дар тайёр кардани ин чорабинии муҳим баён кард. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар миёни 48 кишвари ширкаткунанда ширкати фаъол аст. Раҳбари СБТВ омодагии худро барои баргузории чорабинӣ таҳти сарпарастии ин созмон эълон кард, ки нахуст бояд дар кумитаи дахлдори СБТВ мувофиқа шавад.

    Дар мулоқот дар ба даст овардани номзадии мутахассиси баландихтисос барои ба вазифаи мушовири ҳокими вилоят дар соҳаи токпарварӣ таъин намудан таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи ташкил кардани семинари алоҳидаи илмӣ бо СБТВ дар доираи чорабинӣ бахшида ба нерӯи Ӯзбекистон дар соҳаи токпарварӣ ва винопазӣ мувофиқаи пешакӣ ҳосил шуд. Ба ғайр аз ин, ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки якҷоя мутахассиси баландихтисосро барои таъин намудан ба вазифаи мушовири ҳокими вилоят дар соҳаи токпарварӣ меёбанд.

    Ҳайати Ӯзбекистон инчунин аз маркази агрологистикии Париж, бозори "Ранҷис-Семмарис" дидан намуда, бо роҳбарияти он иштироки ширкат дар баргузории "Ҷашнвораи ангур", инчунин рафти иҷрои лоиҳаи таъсиси корхонаи агросаноатиро дар вилояти Тошканд баррасӣ карданд, хабар медиҳад агентии "Дунё".

    9 декабри соли 2020 байни ширкати "Rungis-Semmaris" ва Вазорати кишоварзии Ўзбекистон шартномаи чаҳорчӯбавӣ ба имзо расид, ки созмон додан ва идоракунии шабакаи марказҳои агрологистикии "Rungis"-ро пешбинӣ менамояд.